Ӯзбекистон гуфтааст, тасмим надорад чархболу тайёраҳои Афғонистонро баргардонад

Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, ки техникаи низомии ба ҳудуди ин кишвар аз Афғонистон воридшударо ба "Толибон" баргардонанд. Зеро, ин техникаҳо моли ИМА ҳастанд. Дар ин бора дар суҳбат бо расонаҳо намояндаи махсуси Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев хабар дод. Моҳи январи соли ҷорӣ "Толибон" аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буданд, ки 40 чархболро […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, ки техникаи низомии ба ҳудуди ин кишвар аз Афғонистон воридшударо ба "Толибон" баргардонанд. Зеро, ин техникаҳо моли ИМА ҳастанд.

Дар ин бора дар суҳбат бо расонаҳо намояндаи махсуси Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев хабар дод.

Моҳи январи соли ҷорӣ "Толибон" аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буданд, ки 40 чархболро баргардонанд. Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи ҳукумати мудофиаи толибон он замон гуфта буд, ки "ба ҳукуматҳои ду кишвар борҳо муроҷиат ва баргардонии чархболҳоро хостаанд".

Сухан аз 24 чархбол ва 22 ҳавопаймо меравад, ки низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли гузашта ба Узбекистон фирор карда буданд. 18 адад техникаи низомии Афғонистон ба ҳамин тартиб ба Тоҷикистон низ оварда шудааст.

Намояндагони вазорати мудофиаи ИМА тасдиқ карданд, ки на Узбекистон ва на Тоҷикистон нияти баргардонии ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба Афғонистон надоранд. Дар ҳамин ҳол, амрикоиҳо гуфтанд, то кунун тасмим нагирифтаанд, ки бо ин техника чи кор кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.