Довар ва нерӯҳои СААД. Роҳи ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 19-уми октябр, зимни нишастӣ хабарӣ дар Бишкек вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов изҳор намуд, ки “байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ барқарор намешавад”.

“Мутаассифона, ин охири ҷанг нест. Чанде пеш бо Дабири кулли СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) Станислав Зас вохӯрда будам. Ба ӯ гуфтам, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ намешавад. Сабабашро ҳам мегӯям. Зеро қирғизҳо ҳам ҳақиқати худро доранду тоҷикон низ”, – иброз дошт Бактибек Бекболотов.

Бекболотов гуфт, то замоне, ки байни кишварҳо як довар, масалан аз ҳамон СААД бо вазифаҳои оташбас ва аз сарҳади давлатӣ дур бурдани техникаи вазнини мусаллаҳ қарор нагирад, мухолифат давом хоҳад ёфт.

“Агар онҳо ин ду масъаларо ҳал кунанд, минбаъд бо онҳо метавон ба ҳалли масоили сиёсӣ – таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо низ даст ёфт. Ин 30 сол не, балки 98 сол давом дорад”, – гуфт ӯ.

Қаблан котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов изҳор дошта буд, ки президенти ин кишвар Садир Ҷапаров аз сарвари давлати Русия Владимир Путин дархост намудааст, ки дар масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон кумак кунад.

“Зимни вохӯрӣ дар Остона байни сарони се кишвар оид ба масъалаи марз гуфтугӯи ошкоро доир гардид… Ҷапаров аз Путин дархост намуд, ки ба ҳаллу фасли ин масъала ёрӣ расонад, зеро барои худамон торафт мушкил мешавад”, – гуфт Имонқулов.

Оё дар сарҳад воқеан ба ҳузури нерӯҳои СААД эҳтиёҷ ҳаст?

Нуралишоҳ Назаров, муовини собиқи фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳузури неруҳои сулҳхоҳи СААД дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар шароити кунунӣ нозарур, аммо будани доварро лозим медонад.

“Агар имрӯз Русия дар ҳақақат аз рӯи харитаҳои солҳои 1924 ва 1929 кор гирад, собит мешавад, ки аксари заминҳои баҳсӣ аз Тоҷикистон аст. Дар чунин ҳолат, Қирғизистон бояд дигар даъво накунад, вале бовар дорам, ки ҷониби Қирғизистон бо ҳақиқат созиш намекунад ва ба даъвои худ идома медиҳад. Зеро онҳо ҷанг мехоҳанд ва мехоҳанд мисли пештара заминҳои Тоҷикистонро зӯран аз худ кунанд”, – гуфт Нуралишоҳ Назаров.

Ӯ мегӯяд, ки аз солҳои 2000-ум, замони фаъолияташ дар Комисияи давлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо истифода аз харитаҳои дар Маскав маҳфузбуда, исбот гардида буд, ки ҳудудҳои қирғизҳо даъводошта, аслан заминҳои Тоҷикистон аст.

“Протоколҳое ҳастанд, ки дар асоси он Қирғизистон аз Тоҷикистон қариб 78 ҳазор гектар заминро иҷора гирифта, баъдан, оҳиста – оҳиста аз худ кардааст”, – иброз дошт Нуралишоҳ Назаров.

Ба назари ӯ масъала дар он аст, ки ҷониби Қирғизистон бо харитаҳои солҳои 1924 ва 1929, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, розӣ нест ва ба харитаи соли 1989 такя мекунад, ки бо он ҷониби Тоҷикистон мухолиф аст.

Довар манфиати худро пеш мегузорад

Бахтиёр Холиқов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки аз фаҳмиш ва муносибати Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли баҳси марзӣ бо ин Қирғизистон мавзӯи ихтилофи низомӣ ҷой надорад. Аз ин назар ҷой додани неруҳои сулҳофари СААД дар нуқтаи марзии ду кишварро зарур намеҳисобад.

“Барои ҳалли низои марзӣ, таъсиси як ҳукумати уҳдабаро дар Қирғизистон ва ҳукумате, ки ба созишномаву шартномаҳои қаблан имзошуда эҳтиром қоил бошад, вобаста аст”, – мегӯяд Бахтиёр Холиқов.

Ҷалби ҷониби сеюм дар ҳалли низои марзӣ байни ду кишварро низ ин коршинос нозарур меҳисобад ва таъкид мекунад, ки он “барои ҳалли манфиатҳои ҷониби сеюм хизмат хоҳад кард”.

“Ҷой доштани мушкилот ва таззодҳои бисёр шаддит дар муносибатҳои байналмилалии замони муосир, авҷи танишҳои ҷиддӣ миёни қудратҳои ҷаҳон ва ҳассосияти равандҳои Осиёи Марказӣ, ворид намудани ҷониби сеюм ба баҳси марзии ду кишвар, баръакс мавзӯи баҳсро ба объекти манфиатҳои ҷониби сеюм табдил медиҳад”, – зикр кард Бахтиёр Холиқов .

Ин коршинос мегӯяд, барои ҳалли мусбати баҳси марзӣ санадҳо, воқеият, таърих, ҳуҷҷатгузорӣ, базаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ҳаст, агар ҷониби Қирғизистон хостори ҳалли баҳси марзӣ бошад, такя ба ҳамин санадҳо метавонад, масъалаҳоро ҳал кунад.

“Ҷониби Қирғизистон ва он ҳукумате, ки айни замон сари ин қудрат аст, хоҳиши ҳалли баҳси марзиро надорад. Ва навобаста ба ин ки кадом кишвар миёнаравӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ ба ҳукумати Қирғизистон фишор оварда наметавонад, ки воқеиятро бипазирад. Бинобар ин, мавзуи ҳалли баҳси марзӣ байни ду кишвар танҳо ба хоҳиш ва майли ҳукумати Қириғистон вобаста аст”, – тазаккур медиҳад Бахтиёр Холиқов.

Русия тавони таъмини адолатро дорад?

Неъматулло Мирасидов, рӯзноманигор ва коршиноси масоили марзӣ мегӯяд, ки дар ҳолати даъвати нерӯҳои СААД ба марзи ду кишвар, бояд шароит ва муҳлати ҳузури онҳо мушаххас шаванд ва пас аз муайян гардидани хати марз онро бояд тарк кунанд.

Ин коршинос ҷалби доварро зарур меҳисобад ва мегӯяд, ки он метавонад ба ҳалли баҳсҳои беохири ду давлат кӯмак кунад.

“Ҳоло ҷонибҳо ба як кӯчаи сарбаста ворид шудаанд ва бе довар ҳал кардани баҳс мушкил аст”, – гуфт Неъматулло Мирсаидов.

Масъалае, ки ӯро ба ташвиш овардааст, ин беғаразии довар дар симои Русия аст, зеро Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди гумрукӣ аст ва бо Русия баъзе манфиатҳои муштарак дорад.

“Оё Русия қодир аст, ки баҳсро боадолатона ҳал намояд?”, – мепурсад Неъматулло Мирсаидов.

Нақши Туркия

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Нуриддин Худоёров, Русия қудрат ва тавоноӣ надорад, ки миёнаравӣ кунад, “Туркия бошад, фаъолона Бишкекро ба мухолифати навбатӣ тела медиҳад”.

“Чун Маскав дар ниҳояти кор заиф мешавад, Анқара дарҳол талош хоҳад варзид, ки ҷойгоҳи ӯро дар минтақа ишғол кунад”, – чунин мешуморад сиёсатшинос.

Коршиноси дигар оид ба Осиёи Марказӣ Темур Умаров бар ин назар аст, ки ҳалли масъала бо иштироки кишварҳои хориҷӣ ғайриимкон аст, зеро ин равандаи хоси дуҷониба аст ва онро метавон танҳо бо гузаштҳои мутақобила ҳал намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба он омода нестанд”, – мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...