spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ба дин рабт надорад”. Толибон футбол ва бузкаширо дар Афғонистон манъ карданд

Толибон* бозии футболро дар Афғонистон мамнӯъ эълон карда, гуфтаанд, он ҷанбаи динӣ надорад ва пас аз ин дар ин кишвар набояд бозии футбол баргузор шавад.

Хабаргузории “Иттилои рӯз” менависад, Вазорати иршод ва даъвати гурӯҳи Толибон дар шаҳри Дашти Қалъаи вилояти Тахор эълон кард, ки дигар бозии футбол дар ин шаҳр мамнӯъ аст.

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, Толибон варзиши базкашӣ ва футболро иғвобарангез хонда, баргузории тамоми мусобиқотро мамнӯъ кардаанд.

Сокинони шаҳри Дашти Қалъа ба “Иттилои рӯз” гуфтанд, аз сӯи Вазорати иршод ва даъвати Толибон дар шаҳри Дашти Қалъа ба мураббиёну бозигарон ҳушдор дода шудааст, ки то эълони дигар иҷозаи баргузории мусобиқаҳои футбол дар ин шаҳрро надоранд.

Ба иттилои хабаргузории “8-и Субҳ”, Толибон ба Федератсияи футболи Бодғис гуфтаанд, ки футбол пас аз ин мамнӯъ хоҳад шуд.

“Ҳоло Толибон бозиҳои футболро дар вилояти Бодғис қатъ карданд”, – хабар медиҳад “8-и Субҳ”.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Федерасияи футболи Бодғис ба дунболи ин дастури Толибон, ба тимҳои футбол хабар додааст, ки пас аз ин футбол бозӣ накунанд.

“Бозии футбол ҷанбаи динӣ надорад ва набояд пас аз ин футбол баргузор шавад”, – гуфтаанд намояндагони Толибон дар Бодғис.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки Вазорати иршод ва даъвати Толибон ба мураббиёни варзиши бадансозӣ ва гуштӣ низ дастур додааст, ки дар вақти варзиш бо мусиқӣ бозӣ накунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Толибон пас аз манъи таҳсил занонро аз ҳаққи кор дар созмонҳои давлативу хориҷӣ маҳрум карданд

Дар ин баробар, Вазорати иршод ва даъвати Толибон бозии бузкаширо ҳам мамнӯъ эълом кардаанд.  Ин бозиро ҳам онҳо иғвобарангез зикр мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки футбол ва бузкашӣ дар Афғонистон аз намудҳои варзиши роиҷ аст.

Толибон баъди ғасби қудрати сиёсӣ дар Афғонистон бар зидди урфу одат, ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар қонунҳо ва муқарраротҳои худро ҷорӣ карда, озодиву ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд.

Амалкарди Толибон борҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар маҳкум шудааст ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ аз Толибон дархост кардаанд, ки ба озодиҳои ҳуқуқи башар ва занон эҳтиром гузоранд. Толибон ҳамеша амалкарди худро дуруст ҳисобидаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...