Барои фаъолияти Парлумони Тоҷикистон 27 млн сомонӣ ҷудо шуд

Дар соли 2023 барои хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот қабул шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар додааст. Тибқи иттилои нашрияи порлумонии […]

Дар соли 2023 барои хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот қабул шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар додааст.

Тибқи иттилои нашрияи порлумонии «Садои мардум», Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 13 – уми декабри соли 2022 лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2023 дар ҷаласаи якҷоя баррасӣ намуда, онро маъқул шуморида, барои қабули қарори дахлдор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд. Лоиҳаи мазкур бе ягон тағйирот қабул шудааст.

Ҷамшед Муртазозода гуфтааст, мутобиқи санадҳои мазкур, мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ – 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ – 1 нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ – 117 нафар ва мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) – 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро дар бар мегирад.

“Тибқи тақсимоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагон 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардидааст”, – афзудааст Ҷамшед Муртазозода.

Ёдовар мешавем, ки хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 дар муқоиса ба хароҷот дар соли гузашта, 6 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.