Федератсияи гуштини озод: Юсуф Абдусаломов мақоми сармураббии тими Тоҷикистонро тарк накардааст

Юсуф Абдусаламов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, бар хилофи овозаҳо, аз даста нарафтааст ва бо шогирдонаш фаъолияташро идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ноиби президенти Федератсияи гуштии Тоҷикистон Насим Юсуфзода хабар дод. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки Юсуф Абдусаламов аз мақомаш канор меравад. Ба қавли Насим Юсуфзода, сармурабии тими миллӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Юсуф Абдусаламов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, бар хилофи овозаҳо, аз даста нарафтааст ва бо шогирдонаш фаъолияташро идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ноиби президенти Федератсияи гуштии Тоҷикистон Насим Юсуфзода хабар дод.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки Юсуф Абдусаламов аз мақомаш канор меравад.

Ба қавли Насим Юсуфзода, сармурабии тими миллӣ мушкилоти хонаводагӣ дошт.

“Дар ҳоли ҳозир ӯ ва аҳли оилааш маслиҳат доранд, ки корро дар Тоҷикистон идома мебидаҳд ё ба таври фосилавӣ”, – гуфт Насим Юсуфзода.

Ин масъули Федератсияи гуштии Тоҷикистон қазияро бештар шарҳ надод, аммо гуфт, “Федеросияи гуштии озод омода аст, мураббиро бо манзил таъмин кунад”.

Соли 2008, вақте Юсуф Абдусаламов зери парчами Тоҷикистон медали нуқраи олимпиро ба даст овард, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ӯ манзил диҳанд.

Аммо ба варзишгар таваҷҷуҳи зарурӣ надоданд ва ӯ Тоҷикистонро тарк кард. Танҳо дар оғози соли 2023 намояндагони ҳайати нави Федератсияи гуштии Тоҷикистон бо ӯ тамос гирифта, ӯро ба вазифаи сармураббии тими миллӣ даъват карданд, ки Абдусаломов ба ин розӣ шуд.

Федератсия умедвор аст, ки мушкилиҳои мураббӣ ҳал хоҳад шуд ва ӯ паҳлавонони тоҷикро ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.