Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳони футзалро бо бохт оғоз кард

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин рақобати худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал аз мунтахаби Марокаш шикаст хӯрд. Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи 2 бар 4 ба нафъи Марокаш анҷом ёфт. Голи аввалин ва таърихии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзалро […]

Таҳияи Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин рақобати худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал аз мунтахаби Марокаш шикаст хӯрд.

Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи 2 бар 4 ба нафъи Марокаш анҷом ёфт.

Голи аввалин ва таърихии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзалро Самандар Ризомов, бозигари дастаи “Соро компания” ба ҳадаф расонд. Файзалӣ Сардоров, ҳамдастаи Самандар голи дуюми дастаи моро вориди дарвозаи рақиб кард.

Пас аз ин шикаст Тоҷикистон дар зинаи сеюми гурӯҳи “Е” қарор гирифт. Садрнишини ин гурӯҳ мунтахаби Пуртуғол (Португалия) аст, ки бо натиҷаи бузурги 10 бар 1 Панамаро шикаст дод. Миллипӯшони Марокаш дар зинаи дуюм ҷо гирифтанд.

Футзалбозони тоҷик дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ рӯзи 19-ум сентябр ба масофи Пуртуғол мераванд.

Бояд  гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.

Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.

Тоҷикистон барои  аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.

Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.