33 млрд сомонӣ. Порлумон қонуни буҷаи соли 2022-ро пазируфт

Вазорати молияи кишвар ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ муқаррар кардааст. Ин рақамро имрӯз вазири молия Файзиддин Қаҳорзода дар иҷлосияи вакилон порлумон барои қабули қонуни буҷа барои соли 2022 эълон кард. Вакилони порлумон қонуни буҷаи соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро пазируфтанд. Вазири молия гуфт, ҳаҷми даромади буҷа 33 млрд […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати молияи кишвар ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ муқаррар кардааст. Ин рақамро имрӯз вазири молия Файзиддин Қаҳорзода дар иҷлосияи вакилон порлумон барои қабули қонуни буҷа барои соли 2022 эълон кард.

Вакилони порлумон қонуни буҷаи соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро пазируфтанд.

Вазири молия гуфт, ҳаҷми даромади буҷа 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз порлумон хабар медиҳад, ки ба гуфтаи вазири молия бояд 21,9 млрд сомонии буҷа дар соли 2022 бояд аз ҳисоби воридоти андозиву ғайриандозӣ ҷамъ шавад.

Ҳамчунин дар бахши даромади буҷа, маблағҳои махсуси ташкилоти муассисаҳои буҷавӣ 2,5 млрд сомонӣ, воридот аз ҳисоби азхудкунии лоиҳаҳои молиявии давлатии сармоягузорӣ 7,9 миллиард сомонӣ  ва инчунин ҷалби грантҳо барои пуштибонии буҷа 665 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, – гуфт вазири молия. 

"Маҷмуан ҳаҷмии умумии даромади буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо буҷаи тасдиқшудаи соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд сомонӣ ё 19,4% зиёд мебошад",-гуфт Қаҳҳорзода.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар буҷаи соли 2022 баробар ба 9 млрд 792 миллион сомонӣ муқарра шудааст, ки 829 млн сомонӣ аз соли 2021 зиёдтар мебошад.

Маблағгузории бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ҳаҷми 23,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 6,5 млрд сомонӣ (27,7% хаароҷоти умумии буҷа) масраф мешавад.

Дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8% буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.