Се рӯз то даъвати ҳарбӣ. Беш аз 100 ҷавон барои саркашӣ аз хидмат ба ҷавобгарии чиноӣ кашида шуданд

Соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15-уми марти соли 2023 гузашт, хабар дод. Тибқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии кишвар барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ […]

Соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15-уми марти соли 2023 гузашт, хабар дод.

Тибқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии кишвар барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ аз 34 то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду сол зиндон пешбинӣ шудааст. Қаблан даҳҳо ҷавон бо ин модда маҳкум шуда буданд.

Ҳарчанд, додситони кулли Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои мушаххас мисол наовардааст ва ҳам нагуфтааст, ки ин ҷавонон ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум шуданд.

Дар гузашта низ ин ниҳод аз ҳолатҳои зиёди саркашӣ намудани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон сомонаи расмии ин ниҳод хабар дода буд, ки Маъруф Ғоибзода, як ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба ҷавобгарӣ кашидани беш аз 100 ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки фармони даъвати баҳории имсола аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай ба имзо расида, се рӯз пас, 1-уми апрел маъракаи даъват ба артиш оғоз мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.