Мусодираи беш аз 700 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат

Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 708 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани тамғагузорӣ ва барои бехатарии истеъмолгарон мусодира кардаанд. Дар ин бора Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда беш аз 49 тонна маҳсулоти […]

Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 708 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани тамғагузорӣ ва барои бехатарии истеъмолгарон мусодира кардаанд. Дар ин бора Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда беш аз 49 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 155 тонна равғани растанӣ, қариб 4 тонна маҳсулоти қаннодӣ,  13 тонна маҳсулоти ширӣ, 6 тонна тухми мурғ, 20 тонна намак, 87 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 119 тонна орд, 20 ҳазору 209 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 9 ҳазору 240 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 9 тонна консерваҳо ва дигар маҳсулот мебошанд.

Таъкид гардид, ки қисми асосии ин маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шуда, нисбати воридкунандагони маҳсулоти пастсифат ба кишвар чораҳо маъмурӣ андешида шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Агентӣ барои фурӯши маҳсулоти пастсифат ва вайроншуда, поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 3 ҳазору 895 ҳолат ба маблағи 1 миллиону 135 ҳазору 338 сомонӣ ҷарима таъин шуда, ба буҷети давлат пардохт гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Темурҷон Абдулваҳобзода аз фаъолияти корхонаҳои кишвар таъриф кард. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон корхонаҳое, ки маҳсулоти пастсифат истеҳсол мекунанд, вуҷуд надорад.

“Мо аз аввали сол қариб 30 корхонаро аз назар гузаронидем, корхонаҳое, ки нав боз шудаанд ва ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, махсусан маҳсулоти гӯштӣ машғуланд. Ҷойи таърифаш нест ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Дар ҳақиқат ба таҳсин гуфтан меарзанд”, ‑ гуфт Темурҷон Абдулваҳобзода. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.