Ба сохтмони Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғоз бахшида шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст ба Президент лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст ба Президент лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бо инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар маҷмуъ барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нӯҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.