Истеҳсоли ҳаҷми рекордии 4,2 млн. тонна семент дар Тоҷикистон

Соли 2019 дар корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон 4,2 млн. тонна семент истеҳсол шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3,8 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд. Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 1 млн. 546 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба […]

Соли 2019 дар корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон 4,2 млн. тонна семент истеҳсол шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3,8 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 1 млн. 546 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 150 ҳазор тонна бештар аст.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки соли гузашта аз ҳисоби содироти семент ҷумҳурӣ 68,1 млн. доллар даромад гирифт.

Семент аз ҷумҳурӣ ба Ӯзбекистон (890 ҳазор тонна), Афғонистон (576 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (80,6 ҳазор тонна) фурӯхта шуд.

Корхонаҳои асосии истеҳсоли семент дар кишвар 3 корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд, ки наздики 90% аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи ин корхонаҳо рост меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 18 корхона семент истеҳсол карда, солҳои наздик афзоиши шумори чунин корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, ширкати “Моҳир семент” бо сармоягузорӣ аз Чин дар ҷануби кишвар корхонаи иқтидораш 600 ҳазор тонна семент бунёд мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.