Сокинони Тоҷикистон камбизоаттарин шаҳрвандони пасошӯравӣ

Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 833 доллар баробар аст, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА). Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар (1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон), Ӯзбекистон – 1762 доллар (2 баробар зиёд) ва Қазоқистон – 8781 доллар (10 баробар зиёд)-ро ташкил медиҳад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 833 доллар баробар аст, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА).

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар (1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон), Ӯзбекистон – 1762 доллар (2 баробар зиёд) ва Қазоқистон – 8781 доллар (10 баробар зиёд)-ро ташкил медиҳад. Доир ба Туркманистон маълумот дастрас нест.

Даромади аз ҳама баландтарин дар паҳнои пасошӯравӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония – наздики 23 ҳазор доллар, Литва – зиёда аз 19,8 ҳазор ва Латвия – беш аз 17,2 ҳазор доллар.

Ин нишондиҳанда дар Русия ба 9972 доллар, Беларус – 6133, Арманистон – 4314, Молдова – 4267, Озарбойҷон – 4124 ва Украина – 3491 доллар баробар мебошад.

Тибқи маълумоти охири ХБА, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар – 139 ҳазор, Макао – 113 ҳазор, Люксембург – 112 ҳазор ва Сингапур – 105 ҳазор доллар.

Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго – 661 доллар, Бурунди – 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 368 доллар.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 77,3 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар бо қурби аввали сол)-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 840 доллар ба ҳар сари аҳолии кишвар мутобиқ аст.

Аввали соли 2020 шумори аҳолии Тоҷикистон андаке бештар аз 9,3 млн нафарро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши моҳи октябр нашршудаи ХБА “Дурнамои рушди иқисоди ҷаҳон” сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ аз 7,5%-и соли пешин то ба 1% пешгӯйӣ мешавад.

Коршиносони Хазина бар ин назаранд, ки афзоиши сатҳи иқтисод соли 2021 каме барқарор шуда, то ба 6% мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро соли 2020 дар сатҳи 7,9%, яъне афзоиши ҳаҷми ММД то 87,4 млрд сомонӣ интизорӣ дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.