Тоҷикистон содироти картошка, пиёз ва сабзиро манъ кард

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва барои таъмини бозори истеъмолии кишвар содироти картошка, пиёз ва сабзӣ манъ шудааст. Дар ин бора дирӯз, 30-юми январ, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Вазири кишоварзӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул дастур дод, ки то муътадил шудани вазъият […]

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва барои таъмини бозори истеъмолии кишвар содироти картошка, пиёз ва сабзӣ манъ шудааст. Дар ин бора дирӯз, 30-юми январ, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Вазири кишоварзӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул дастур дод, ки то муътадил шудани вазъият дар бозор содироти картошка, пиёз ва сабзӣ аз Тоҷикистон боздошта шавад.

Қарори манъи содироти ин навъи сабзавот дар ҳолест, ки дар пайи сардиҳои ахир, дар бозорҳои кишвар нархи пиёзу картошва ва баъзе намуд сабзавоти дигар ба якборагӣ боло рафт. Аз ҷумла, нархи 1 кг пиёз то ба 8 сомонӣ афзоиш ёфт.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки нархҳо дар бозор баъди ба даст омадани аввалин ҳосили сабзавот дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел муътадил хоҳад шуд.

Вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 54,3 миллион доллар беш аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин аз рӯи ҳаҷм нисбат ба соли қаблӣ 17,6 ҳазор тонна камтар аст.

“Аммо дар маҷмуъ 17,6 миллион доллар бештар аст. Беш аз 40 дарсади ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот – 76,6 ҳазор тонна, аз он 66,6 ҳазор тоннаро пиёз ташкил медиҳад”,- зикр кард Қурбон Ҳакимзода.

Ба гуфтаи ӯ, содироти мева 29 дарсади ҳаҷми умумӣ ё 54,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

“Кишварҳои ИДМ (92%), умдатан Русия ва Қазоқистон харидорони аслии сабзавоту меваи Тоҷикистон буданд”, – гуфт Ҳакимзода.

Вазири кишоварзӣ ҳамчунин зироатҳои афзалиятноки соли 2023 – пахта, картошка, пиёз ва сабзиро номбар кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.