Қурби доллар дар Тоҷикистон то сатҳи ҳашт моҳ пеш боло рафт

Тайи ҳафтаи ахир болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ идома ёфт. Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 28 феврал 1 доллар ба 10,92 сомонӣ иваз карда мешуд. Як ҳафта пеш (21 феврал) ин нишондиҳанда ба 10,68 сомонӣ баробар буд. Ба ин тариқ, давоми ҳафтаи ахир асъори амрикоӣ нисбат ба […]

Тайи ҳафтаи ахир болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ идома ёфт.

Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 28 феврал 1 доллар ба 10,92 сомонӣ иваз карда мешуд. Як ҳафта пеш (21 феврал) ин нишондиҳанда ба 10,68 сомонӣ баробар буд.

Ба ин тариқ, давоми ҳафтаи ахир асъори амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба андозаи 2,2% қимат шуд.

Аз 1 январи соли ҷорӣ қурби доллар нисбат ба пули миллии Тоҷикистон ба андозаи 7% – аз 10,2 то 10,92 сомонӣ (барои 1 доллар) боло рафт.

Ахиран қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар сатҳи рӯзи 28 феврал рӯзи 17 июни соли 2022 қарор дошт.

Беқурбшавии сомонӣ аз оғози сол нисбат ба дигар асъор нисбатан муътадил буд: евро аз 10,92 то 11,56 сомонӣ (5,9%) ва юани Чин – аз 1,49 то 1,57 сомонӣ (5,4%).

Дар ҳамин ҳол, қурби сомонӣ нисбат ба рубли Русия тайи ҳафтаи ахир бетағйир боқӣ монд: 1000 рубл мисли ҳафтаи пеш ба 144,5 сомонӣ иваз мешавад.

Ҳамчунин, қурби феълии сомонӣ дар баробари рубл дар қиёс бо қурби ин ду асъор то 1 январи соли ҷорӣ амалан дар як сатҳ қарор дорад.

Пули Русия, ки ба далели равобити наздики тиҷоративу иқтисодии ду кишвар то андозае ба қурби сомонӣ таъсир мерасонад, дар моҳи феврал дар баробари доллар тақрибан 7% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, қурби доллар аз 70,52 рубл дар рӯзи 1 феврал то ба 75,43 рубл дар рӯзи 28 феврал боло рафт.

Таҳлилгари Банки.ру Богдан Зварич сустшавии мавқеъи рублро ба афзоиши талабот ба арзи хориҷӣ барои воридот ва коҳиши воридоти асъор аз содиркунандагон бар асари таҳримҳо ва поин рафтани нархҳо дар бозорҳои молу маҳсулот марбут медонад.

Ӯ тағйироти минбаъдаи тавозунро ба нафъи арзҳои хориҷӣ пешбинӣ мекунад, ки дар динамикаи рубл дар моҳи март инъикос хоҳад ёфт.

“Дар шароити кунунӣ пули миллӣ дар нимаи аввали моҳи март метавонад мавҷи заифшавиро идома диҳад, ки дар натиҷа ба баландтарин сатҳ расидани доллар, евро ва юан аз эҳтимол дур нест”, – тахмин мекунад Зварич.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2022 қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, ки дар ҷумҳурӣ бештар талабот доранду ба сохтори захираи тиллою асъори кишвар дохиланд, ба таври бесобиқа мустаҳкам гардид.

Ба ин тариқ, соли гузашта қурби сомонӣ нисбат ба доллар ба андозаи 9,4%, евро – 14,8%, юан – 16,2% ва рубл – 3,7% боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.