Мақомот чойхонаи маъруфи “Харбуза”-ро ба фурӯш гузоштанд

Чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисорро ба фурӯш гузоштаанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян кардааст. Музояда рӯзи 27-уми сентябр баргузор мешавад. Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва […]

Чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисорро ба фурӯш гузоштаанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян кардааст. Музояда рӯзи 27-уми сентябр баргузор мешавад.

Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.

Тибқи маълумот, бинои мазкур бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст. Дар гузашта  чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.

Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.

Чойхона аз соли 2016 инҷониб фаъолият намекунад ва бинои он ба таъмир ниёз дорад.

Дар соли 2020 Шарифҷон Ҷумъазода, раиси пешини шаҳри Ҳисор гуфта буд, ки  дар Чойхонаи “Харбуза”, “маркази бузурги омода намудани оши палави тоҷикӣ” ба фаъол мешавад. Ҳоло маълум мешавад, ки маркази ош ҳам нашудааст.

Чойхонаи шакли харбуза бо номи «Харбуза» дар майдони 4,7 гектар сохта шудааст.

Баландии чойхона 43 метр, дарозиаш 100 метр, бараш 55 метр мебошад. Гуфта мешуд, ки дар ошёнаи якуми муассиса панҷ ошхона, дар ошёнаи дуюми чойхона барои 1 ҳазору 300 меҳмон ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.