Шаҳрванди аз милисахона ба шӯъбаи эҳёгарӣ овардашуда ҳалок гардид

Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дузд ӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола баъди аз ш ӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ш ӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибб ӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афкандааст. «Баҳромиддин Шодиев қаблан се […]


Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дузд


ӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-сола баъди аз ш


ӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ш


ӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибб


ӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид.

Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афкандааст.

«Баҳромиддин Шодиев қаблан се бор маҳкум шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт гардид. Ҳамаи далелҳо исбот ва гумонбаршуда гуноҳи худро эътироф карда, далелҳои шайъӣ мусодира гардида буданд. Ҳангоми бозпурсӣ дар назди муфаттиш ӯ аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканд. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил карданд. Пас аз чанде вазъи саломатии  ӯ беҳтар шуд, вале Шодиев бар асари бемории узвҳои дохилӣ ва касалии сил ба ҳалокат расид», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Модари дастгиршуда Ниёзбибӣ Бӯриева ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки писараш истеъмолгари мухаддарот буд ва ӯ ҳамон рӯз мехост писарашро ҷиҳати табобат ба беморхона барад. «Аммо чанде дуртар аз хона ӯро чор нафар кормандони милиса дастгир карда, бо худ бурданд, – гуфт ӯ. – Пас аз як рӯз ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ беҳуш мехобид. Барои баргузории ҷарроҳӣ розигии ман зарур буд, аз ин рӯ, кормандони милиса ба ман хабар доданд, ки писарам дар беморхона аст».

Ба қавли модари Шодиев, пас аз чанд рӯзи ҷарроҳӣ писараш ба худ омад ва ӯро ба палатаи умумӣ гузарониданд. «Ҳамон вақт писарам гуфт, ки ӯро кормандони милиса бераҳмона латукӯб карда, маҷбур сохтанд, ки ҷиноёти содирнакардаро ба дӯши худ бигирад. Дар назди писарам корманди милиса истода буд ва ӯ дар ҳузураш нақл кард, ки дар рӯзи боздошт ӯро задаанд ва бо қувваи барқ шиканҷа додаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми шиканҷа даҳони ӯро бо скотч бастаанд, то ки доду фарёдашро касе нашунавад. Вақте ӯ дар ҳолати нимбеҳушӣ буд, ба гӯшаш расидааст, ки кормандони милиса дар бораи аз ошёнаи дуюм худро ба поин афкандан  ва бар асари он ҷароҳат бардоштани ӯ забон як мекунанд», – мегӯяд Бӯриева.

Баъд аз чанде вазъи саломатии Шодиев бад гардида, ӯро дубора ба шӯъбаи эҳёгарӣ гузарониданд. Рӯзи 30-юми октябр Шодиев ба ҳуш наомада, фавтид.

Модари ӯ бар ин бовар аст, ки фарзандаш дар натиҷаи латукӯби бераҳмона ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст. «Агар писари ман ягон амали ғайриқонунӣ содир карда бошад, бояд аз рӯйи қонун ҷавоб мегуфт ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт, ки ӯро то мурданаш бизанад», – гуфт ӯ.

Дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам рӯзи 20-уми октябр Б. Шодиев дар ҳолати хеле вазнин ба ин шӯъба оварда шудааст.

«Мо захми вазнини косхона ва мағзи сари ӯро ташхис карда, ҷарроҳӣ намудем ва пас аз ҷарроҳӣ вазъи саломатии ӯ каме беҳтар шуд. Рӯзи дуюм ӯ ба палати умумӣ гузаронида шуд, вале баъди чанде ҳолати ӯ вазнин гардида, санаи 30-юми октябр ӯ фавтид», – гуфт як табиб, ки нахост номаш ифшо гардад.

Ҳодисаи ба ин монанд баҳори соли равон бо Сафаралӣ Сангов рух дод. Ӯ ҳам пас аз мунтақил шудан аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и пойтахт дар Маркази миллии тиббӣ фавтид. То ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда нисбат ба кормандони милисаи ин шӯъба – Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Ҳар ду корманди милиса ба хунукназарӣ нисбат ба адои вазифаи худ айбдор карда мешаванд. Пас аз боздошти Сафаралӣ Сангов ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ӯ ба шӯъбаи эҳёгарӣ мунтақил шуда, дар он ҷо аз олам даргузашт. Хешовандони фавтида мегӯянд, ки ӯ бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст. Дар навбати худ, кормандон милиса фавти ӯро ба худкушӣ нисбат доданд.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони маъруфи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International ва Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, зимнан аз марги Сангов изҳори нигаронӣ карданд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.