Дар боздоштгоҳи махсуси Екатеринбург тоҷикистониён ошӯб бардоштанӣ шуданд

Asia-Plus

Дар боздоштгоҳи махсуси шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия чанде аз бошандагони он ба ҷисми худ осеб расонида, ихроҷи таъҷилии худро ба ватан талаб кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, кормандони пулис бетартибиҳоро фурӯ нишонданд. Ба се муҳоҷир дар худи боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонида шудааст. Як нафарро ба беморхона бурда, пас аз ёрии тиббӣ баргардонидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбдусмен)-и минтақа Татяна Мерзлякова гуфтааст, дар ин ҷо истифодаи телефон як соат дар як рӯз иҷозат аст, лекин ошӯбгарон истифодаи доимии онро талаб кардаанд.

“Ин ҷо сари 11 нафар муҳоҷирон сухан меравад. Ҳодиса дар қисмати шахсоне, ки бояд ихроҷ шаванд (собиқ маҳкумшудагон, ки ихроҷ аз Русияро интизоранд) рух дода, онҳо аввал алоқаи шабонарӯзии телефониро барои худ талаб кардаанд, ки манъ аст. Вақте талаби онҳо рад шуд, гуфтаанд, ки ба худ осеб мерасонанд”, – хабар додааст ба Znak.com Мерзлякова.

Ба қавли ӯ, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба ошӯб задаанд ва саркардаи ин амал як сокини Молдова будааст.

“Албатта, онҳо хеле норозиянд. Ҳис мекунанд, ки ҳуқуқашон поймол шудааст. Як ҳавопаймо бо ихроҷшудагон ба Ӯзбекистон парвоз кард. Дар он 152 касро фиристодем, як ҳавопаймои дигар муҳоҷиронро ба Қирғизистон бурд. Аммо аз Тоҷикистон ҳавопаймо нест.  Онҳо аз интизорӣ хаста шуданд”, – шарҳ додааст омбудсмен.

Айни замон дар ин боздоштгоҳи махсус 130 нафар нигаҳдорӣ мешаванд (то пандемияи коронавирус – 249 кас), ки 100 нафарашон маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Мо ба онҳо бори дигар итминон додем, ки бо барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо дарҳол онҳоро ба ватаншон мефиристем”, – таъкид доштааст Мерзлякова ва ваъда додааст, ки бо ин масъала ба консулгарии Тоҷикистон муроҷиат мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус ё бо сабабе айни замон дар хориҷи кишвар дармондаанд, бо рақамҳои телефон ва имайлҳои зерин ба намояндагиҳои Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...