Поёни ҳаводиси Хоруғ. Алишер Мирзонабот барканор нашудааст

Манзума Фирӯз, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз ҳукумати Бадахшон хабари барканории раиси вилоят Алишер Мирзонаботро рад карда, гуфтанд ин хабар асоси воқеӣ надорад. Ҳамчунин ҳукумати ВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯянд миёни намояндагони эътирозагрон ва тими гуфтушуниди ҳукумати вилоят тавофуқоте ба даст омадааст.

Сухангӯи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани таъғйироти кадрӣ дар вилоят ва аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бар асоси пайомадҳои ҳаводиси 4 рӯзи ахир асоси воқеӣ надошта, раиси вилоят аз симаташ баркарор нашудааст.

Хабари барканории Алишер Мирзонабот дирӯз, 28 ноябр  баъди гуфтушуниди мақомот бо намояндагони эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва бархе аз расонаҳо онро нашр карданд. Гуфта мешуд, ки ба ҷойи Алишер Мирзонабот сардори РВКД вилояти Суғд, генерал Абдулло Навҷувонов раиси вилоят таъин гардидааст.

Ҳамчунин мақомоти ВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯяд, ки шоми 28 ноябр майдони марказии шаҳри Хоруғро тарк кардаанд. 

Ба гуфтаи манбаъ, баъди гуфтушунид мардум майдонро тарк карда, гирду атрофи майдони марказӣ бо кӯмаки кормандони ҳукумат ва ризокорон шабона пок ват тоза карда шуд.

«Шаби 28-уми ноябр майдони гирдиҳамоиро тарк намуда, ба хонаҳои худ рафтанд. Пешниҳодҳо ва талаботи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирозгарон қабул гардид, ки майдонро тарк намуданд. Талаботи асосоии онҳо ба ҷавобгарӣ кашидани қотили Гулбиддин Зиёбеков буд. Бо супориши раиси вилоят комиссия ташкил гардида, тафтиши ҳодиса оғоз гардидааст", – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Аммо ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада то кунун расонаӣ нашудааст.

Хабари хотима ёфтани эътирозҳоро ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ низ тасдиқ намудаааст. Дар муроҷиатномае ки ин ситод дар хабаргузории “Ховар" нашр намудааст, гуфта мешавад, ки гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гуруҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд.

– Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд,- омадааст дар муроҷиатномаи ситод.

Ситод мегӯяд, тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Дар идома гуфта мешавад,ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ба низом дароварда шуда, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.

Аз ҳукумати ВМКБ хабар дода буданд, ки намояндагони эътирозгаронро раиси вилоят, вазири энергетика Ҷумъазода Далер ва вакили Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз қабул намуда, онҳо талаботи худро барои тарки майдон пешниҳод намуда буданд.

Баъзе манбаъҳои "Азия-Плюс" хабар дода буданд, ки ҳайати ҳукуматиро дар ин гуфтушунидҳо генрал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд раҳбарӣ кардааст. Аммо дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ки Абдулло Навҷувонов дар ин гуфтушунидҳо иштирок накардааст.

Ҳамзамон таъкид гардида буд, ки вобаста ба қазияи қатли Гулбиддин Зиёбеков бо супориши раиси вилоят комиссия оиди барраси музокироти мазкур аз ҳисоби аъзоёни ҳукумтаи вилоят ва судэкспертҳо аз пойтахт даъват гардида, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд, то ҳодисаро тафтиш намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 25 ноябр, дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон шуморе аз сокинон даст ба нишони эътирозӣ задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Ҳамчунин, мақомоти расмии Бадахшон тариқи телевизиони вилоят хабар доданд, ки дар ҷараёни беназмиҳо дар шаҳри Хоруғ, ки дирӯз, рӯзи 25-уми ноябр гузашт, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ шадидан захмдор шудаанд. Вале бар асоси охирин хабарҳои расида аз Хоруғ шумори кушташудаҳо ба се нафар расидааст.

Манобеъ мегӯянд, ки мухолифат миёни марҳум Зиёбеков ва ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа – Абдусамад Абирзода пас аз он сар задааст, ки Абирзода ба сӯйи як хонуми маҳаллӣ дастдарозӣ кардааст. Ин хонум, ки бино ба иттилои таъйиднашуда аз хешовандони Зиёбеков будааст, ба ӯ муроҷиат мекунад ва моҷаро оғоз мешавад. Дар як наворе, ки он замон ва рӯзҳои ахир дар шабакаи интерент ба чархиш даромад, Абирзода ин гуноҳи худро ба гардан мегирад ва узрхоҳӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...