Даъвои писари Амонулло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрузNews»

Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов, ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи рӯзномаи мазкур хабар доданд, рӯзи 29-уми январ ба онҳо огоҳиномаи ҳозир шудан ба суд ва нусхаи аризаи даъвогии Р.Ҳукумов расидааст. «Дар аризаи даъвогӣ […]


Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов, ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи рӯзномаи мазкур хабар доданд, рӯзи 29-уми январ ба онҳо огоҳиномаи ҳозир шудан ба суд ва нусхаи аризаи даъвогии Р.Ҳукумов расидааст.

«Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки ариза пушти дарҳои пӯшида баррасӣ шуда, аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад», – гуфтанд дар идораи рӯзнома.

Ба иттилои манбаъ, нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.

Он замон аксари коршиносон этирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ  муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод карда шуда буданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.