Ҷабрдида аз садама писари Ҳукуматуллоро ба маҳкама кашиданист

Шокир Маталиеви 26-сола, ки бар асари садама бо иштироки Расул Амонулло, писари собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ҷароҳатҳои гуногун бардошта буд, дар бораи ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод карданист. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Маталиев ин тасмими худро бо он асоснок кард, ки бори охир ним сол пеш […]

Маҳпора Киромова



Шокир Маталиеви 26-сола, ки бар асари садама бо иштироки Расул Амонулло, писари собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ҷароҳатҳои гуногун бардошта буд, дар бораи ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод карданист.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Маталиев ин тасмими худро бо он асоснок кард, ки бори охир ним сол пеш аз оилаи Ҳукуматулло барои табобаташ маблағи пулӣ гирифтааст. «Шоми имрӯз маро аз бемористон рухсат медиҳанд. Дастамро 10 рӯз пеш ҷарроҳӣ карда, барои он қариб 1000 доллари ИМА харҷ кардам», – гуфт Маталиев.

Ӯ зикр кард, ки то имрӯз дар маҷмӯъ 4 маротиба ҷарроҳиро паси сар намуда, сетои онро 6 моҳ қабл гузаронидаанд ва барои онҳо оилаи Ҳукуматулло дар маҷмӯъ 800 доллари ИМА пардохтаанд.

«Вазъи дигар ҷабрдидагон аз садама низ ҳамин хел аст. Ҳеҷ касе аз оилаи Ҳукуматулло хароҷоти мо барои муолиҷа ва ҷарроҳиҳоро пардохт намекунад. Модари ман шахсан чандин маротиба ба Ҳукуматулло муроҷиат намуда, ба Идораи роҳи оҳан ҳам рафт, вале барои ҷарроҳӣ пул гирифта натавонист. Ӯ борҳо ба прокуратура ҳам рафт, то ки вазъи ногувори моро фаҳмонад, вале ин низ ҳеҷ натиҷае надод. Акнун ӯ тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ карда, ба президент нома менависад. Шояд ӯ ба вазъ дахолат карда тавонад», – мегӯяд ҷабрдида.

Шокир Маталиев илова намуд, ки барои ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ маблағи пулии назаррас дархост хоҳад кард, зеро бар асари ҷароҳатҳои бардошта бо гуноҳи Расул Амонулло аллакай муддати 7 моҳ аст, ки кор карда наметавонад. «Ман оила дошта, дар ин давра фарзанддор шудам. Тамоми хароҷот барои табобат ва таъмини оилаи маро падари 50-солаам бар дӯш дорад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия кор мекунад», – шикоят кард Маталиев.

Ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ ӯ даромади якмоҳаашро, ки 600-700 доллари ИМА-ро ташкил медиҳаду онро ба хона оварда метавонист, ба инобат мегирад. « Ғайр аз ин, ман маблағҳои пулии барои муолиҷа масрафшударо низ талаб мекунам», – иброз дошт Маталиев.

Ахири моҳи марти соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки парванда нисбати Расули Амонулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд,

барои тафтиши дубора

ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.

Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.