КДАМ Тоҷикистон зиёни моддии Шаҳбол Мирзоевро пардохт мекунад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт. Баъди чандин маротиба муроҷиат кардан, Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумита имрӯз 18 декабр аз ҷониби ҷабрдида дархост намудааст, ки барои ирсол намудани маблағ мувофиқи қарори суд рақамҳои суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намоянд. Тавре дар сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва […]

Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт.

Баъди чандин маротиба муроҷиат кардан, Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумита имрӯз 18 декабр аз ҷониби ҷабрдида дархост намудааст, ки барои ирсол намудани маблағ мувофиқи қарори суд рақамҳои суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намоянд.

Тавре дар сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо истинод ба адвокати ҷабрдида Гулчеҳра Холматова дар ин робита зикр мегардад, ирсоли маблағ тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблағи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ уҳдадор карда буд, сурат мегирад.

Гуфта мешавад, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон қаблан ҳатто розӣ набуданд ин маблағи ҷубронро пардозанд. Сардори маркази матбуотии Сарраёсат Муҳаммад Улуғхоҷаев он вақт хабар дода буд, ки роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Ёдрас мекунем, ки суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 22 ноябри соли 2016 оид ба ин мурофиа Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.