Боздошти як тоҷикистонӣ дар Домодедово бо $125 ҳазор

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти хадамоти гумруки Домодедово. “Ҳангоми тафтиши мусофирон кормандони гумрук дар бағочи дасти шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз долони сабз гузаштанӣ буд, 125 […]

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти хадамоти гумруки Домодедово.

“Ҳангоми тафтиши мусофирон кормандони гумрук дар бағочи дасти шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз долони сабз гузаштанӣ буд, 125 ҳазор доллари ИМА ва 12,6 ҳазор рубл – ҳамагӣ баробар ба наздики 9,6 млн рублро ошкор намуданд”, – иттилоъ дода мешавад дар сомона.

Гуфта мешавад, дар ин амали мусофир аломатҳои ҷиноят мутобиқи б. «а» қ. 2 модд. 200.1 КҶ Русия ба назар мерасад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки мувофиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳангоми интиқоли маблағи нақди зиёда аз 10 ҳазор доллар анҷоми расмиёти эъломияи гумрукӣ ҳатмӣ мебошад.

Зимни анҷоми расмиёти маблағи беш аз 100 ҳазор доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои дарёфти ин маблағ зарур аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.