Дар Олмон ва Ҳоланд чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми терроризм боздошт карданд

Мақомоти амниятии Олмон ҳафт зодаи давлатҳои Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора Додситонии Олмон иттилоъ дод. Ин ниҳод дар изҳороте гуфт, нафарони боздоштшуда ба таъсиси гуруҳи террористӣ ва дастгирии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд. “Ҳафт мард дар иёлати ғарбии Райн-Вестфалени шимолӣ боздошт шудаанд. […]

Мақомоти амниятии Олмон ҳафт зодаи давлатҳои Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора Додситонии Олмон иттилоъ дод.

Ин ниҳод дар изҳороте гуфт, нафарони боздоштшуда ба таъсиси гуруҳи террористӣ ва дастгирии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд.

“Ҳафт мард дар иёлати ғарбии Райн-Вестфалени шимолӣ боздошт шудаанд. 5 нафари боздоштшудагон аз Тоҷикистон, як нафар аз Туркманистон ва як нафари дигар аз Қирғизистон мебошанд”, – гуфтааст ин Додситонии Олмон.

Додситонии Олмон аз боздоштшудаҳо Муҳаммадшуҷоъ А, Нуриддин К, Шамшод Н, Саид С ва Раббонӣ З ном бурда, навишт, ки онҳо ба эҳтимоли зиёд аз Украина вориди ин кишвар шудаанд.

“Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи гумонбарон анҷом додани "ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ дар Олмон” буд ва онҳо аллакай ҳадафҳоро муайян карда, дар талош буданд, ки силоҳ ба даст оранд. Шаш нафари онҳо аз моҳи апрели соли 2022 барои гуруҳи “Давлати исломӣ” маблағ ҷамъ карда, чанд маротиба ба гуруҳҳои террористӣ маблағ фиристодаанд”, – гуфтааст Додситонии Олмон.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Додситонии Ҳоланд низ аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми терроризм хабар дод. Онҳо марди 29-сола аз Тоҷикистон ва ҳамсараш зани 31-сола аз Қирғизистон мебошанд. Додситонии Ҳолланд гуфтааст, ин ду нафар бо чанд нафар дар Олмон дар тамос буданд. Ин марди тоҷик ба узвият дар созмони “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд, вале додситонии Ҳолланд гуфтааст, “нақшаҳои ӯ ҳанӯз мушаххас набуд”. Гуфта мешавад, ин мард узви гурӯҳе буд, ки дар Олмон боздошт шуданд.

“Ин ду нафар аз соли 2022 дар Ҳолланд зиндагӣ мекарданд ва барои омодагӣ ба амалиёти террористӣ гумонбар мешаванд. Ин мард ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ” гумонбар дониста мешавад”, – гуфтааст Додситонии Ҳолланд.

Аммо Додситонии Ҳоланд шахсияти нафарони боздоштшударо ошкор накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба расонаи Спутник гуфтааст, ки “намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аз нирӯҳои амниятии Олмон тасдиқи боздошти тоҷиконеро, ки гӯиё ба ҳамлаи террористӣ омода мекарданд, дархост кардааст”.

“Ниҳоди дипломатии мо дар Олмон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дар тамосанд ва дар бораи ин парвандаи ҷиноӣ маълумоти расмӣ дархост кардааст”, – бо истинод ба ВКД менависад ин расона.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин боздошти зодагони Тоҷикистон дар Аврупо, бахусус дар Олмон бо иттиҳоми терроризм нест. Соли гузашта низ Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.