Боздошти чанд нафар барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ бар ивази пора

Asis-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати чанд нафар, аз ҷумла як корманди милитсияи пойтахт барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ ва ҷиноятҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, онҳоро боздошт кардааст. Ин ниҳод дар ин бора дар сомонаи расмиаш хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, шаҳрванд Абдусаттор Шарипов барои тайёр кардани билетҳои ҳарбӣ барои се нафар аз шаҳрванд Т. Фатҳуллаева 36 ҳазор сомонӣ гирифта, тавассути дусташ Ахмедов Фирдавс барои онҳо билетҳои ҳарбии қалбакӣ омода кардааст.

Ин ҳолатро додситонӣ ошкор карда, нисбати Шарипов Абдусаттор ва Фирдавс Ахмедов барои қаллобӣ бо маслиҳати пешакӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва шарикии ҷиноят (моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в», 340 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 36 қисми 5-343 қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин гардидааст.

“Дар ҳолати дигар, шаҳрванд Тухтаев Ҳасан  бар ивази 40 ҳазор сомонӣ ба даъватшавандагони шаҳри Исфара, билетҳои ҳарбӣ оид ба хизматро дар ҳайати  захираҳои даъвати  сафарбарӣ адо намудан бо роҳи сохтакорӣ тайёр кардааст”,- навиштааст додистонӣ.

Амали онҳо зимни пешниҳод кардани билетҳои ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара барои ба қайд гузоштан окшор шудааст.

Вобаста ба ин додситони гарнизони Суғд нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҳолати сеюм ба гуфтаи манбаъ, бо ширкати Назаров Меҳроҷиддин, корманди шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур-2 лейтенанти калони милитсия рух додааст, ки шаҳрванд Собирзода  Нуриддини  бо мақсади дастрас кардани билети ҳарбии қалбакӣ ба ӯ 24 ҳазор сомонӣ додааст.

“Назаров М.Х маблағи гирифтаашро бо корманди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Исмоилов Ашуралӣ Саюрҷонович тақсим намуда, билети ҳарбии қалбакиро ба даъватшаванда дастарс намуданд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Баъди пешниҳод кардани билети ҳарбӣ ба мақомоти шаҳри Ваҳдат қалбаки будани билети ҳарбӣ ошкор гардида, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши аъмоли Исмоилов ва Назаров идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати ошкор шудани билети ҳарбии қалбакӣ нест. Қаблан ҳам мақомот аз омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, аз ҷумла кормандони коммисариатҳои ҳарбӣ хабар медоданд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардида, бо гузашти як моҳ он беш аз 70 дарсад иҷро шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...