Домулло Абдуқаҳҳор пас аз бозпурсии мақомот озод шудааст

Абдуқаҳҳор Мирзоев, ки бо номи Домулло Абдуқаҳҳор маъруф аст, пас аз рӯбарӯ шудану созиш кардан бо пайвандони майите, ки “бо бенамозӣ таҳқир карда буд”, аз мақомот ҷавоб дода шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Домулло Абдуқаҳҳор рӯзи 19-уми октябр […]

Абдуқаҳҳор Мирзоев, ки бо номи Домулло Абдуқаҳҳор маъруф аст, пас аз рӯбарӯ шудану созиш кардан бо пайвандони майите, ки “бо бенамозӣ таҳқир карда буд”, аз мақомот ҷавоб дода шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Домулло Абдуқаҳҳор рӯзи 19-уми октябр ба мақомоти қудратии шаҳри Ҳисор даъват шуда, дар мавриди мавъизаи дар ҷаноза кардааш пурсупос шуд.

“Ҳамон рӯз наздикони майит ҳам ба мақомот даъват ва бо Абдуқаҳҳор Мирзоев рӯбарӯ карда шуданд. Пайвандони майит гуфтанд, ки алайҳи домулло шикояте надоранд. Пас аз ин ҳамон шаб номбурда ба хонааш ҷавоб дода шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қаблан гуфта мешуд, эҳтимоли паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзноманигори тоҷик Абдуқодир Талбаков чанде бо нашри як акс навишт, ки шахсе бо номи Домулло Абдуқаҳҳор дар намози ҷанозаи як духтар наздикони ӯро таҳқир кардааст, ки ӯ намозхон набуд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар пайи ин навиштаи рӯзноманигор ва вокунишҳои дарпайдоштаи он дар ин маврид иттилои бештар нашр карда буд, ки метавонед дар ин ҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.