Арабистони Саудӣ барои зарардидагони Навори Ғазза ҷамъоварии ёриҳои башардӯстонаро оғоз кардааст

Арабистони Саудӣ барои мардуми зарардидаи Навори Ғазза маъракаи ҷамъоварии ёриҳои башардӯстонаро эълон кардааст ва то ҳол беш аз 16 млн доллар ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин бора Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин маърака дирӯз, 2-юми ноябр, бо супориши подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад […]

Арабистони Саудӣ барои мардуми зарардидаи Навори Ғазза маъракаи ҷамъоварии ёриҳои башардӯстонаро эълон кардааст ва то ҳол беш аз 16 млн доллар ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин бора Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин маърака дирӯз, 2-юми ноябр, бо супориши подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд роҳандозӣ шудааст.

“Подшоҳи Арабистони Саудӣ бо 30 миллион риёл (8 миллион доллар) ва валиаҳди Саудӣ бо 20 миллион риёл (5,3 миллион доллар) ба ин маъракаи башардӯстона ҳусни оғоз бахшиданд”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло мардуми Арабистони Саудӣ ин иқдомро идома дода истодаанд ва тибқи оморҳои охирини бадастомада, ҳаҷми маблағи кумакҳои ҷамъоваригардида ба 60 миллион риёл (16 млн доллар) расидааст.

Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ал-Рабиъа, мудири кулли Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки “Арабистони Саудӣ ҳамеша дар сархати кишварҳои донории ҷаҳон дар масъалаи дастгирии мардуми Фаластин қарор дошт ва дорад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пеш дар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое интишор шуданд, ки дар он гуфта мешуд, тоҷикони муқими кишварҳои арабӣ ба фаластиниёни зарардида кумаки моливу ғизоӣ медиҳанд.

Дар аксу наворҳо дида мешуд, ки тоҷикон бо шиори “Бародарони тоҷик ҳамроҳи шумо ҳастанд, Фаластиниён” маблағ, оши палов ва дигар анвоъи хӯрок тақсим мекунанд.

Ин гурӯҳи тоҷикон инчуин дар супермаркете бо ҳамон шиор равған, биринҷ, макарон, қанд, нон ва дигар намуди хӯрдании ройгон мегузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷанг миёни гуруҳи “Ҳамос”-и Фаластин ва Исроил рӯзи 7-уми октябр оғоз гардида, то ин муддат аз ду ҷониб беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.