Аҳолии Тоҷикистон се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Имсол, сокинони Тоҷикистон бар иловаи ду рӯзи истироҳат ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон се рӯз пайиҳам– 4, 5 ва 6-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Мувофиқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр  таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои "Asia-Plus"

Имсол, сокинони Тоҷикистон бар иловаи ду рӯзи истироҳат ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон се рӯз пайиҳам– 4, 5 ва 6-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мувофиқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр  таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар гардидааст.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашн дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, консерти устодони санъат, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд.

Тасмими баргузории чорабиниҳоро қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе тасвиб карда буд.

Ёдовар мешавем,  ки имсол аҳолии Тоҷикистон 29-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.