Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Туркманистон рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 3 август бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ имрӯз, 4 август миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 3 август бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ имрӯз, 4 август миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Рӯзи 6 август дар шаҳри Авази Турманистон, ки бо осоишгоҳу фароғатгоҳҳояш маъруф аст, Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин қаблан ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон 5 август дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рост меояд.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

Ӯ илова намуд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.