Нишасти навбатии “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе. Толибон низ даъват шудаанд

Рӯзҳои 27 – 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе нишасти навбатии “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” баргузор мешавад ва барои иштирок дар он, намояндагони Толибон* низ даъват шудаанд. Довуд Муродиён, раиси Институти стратегии Афғонистон, имрӯз, 24-уми ноябр, дар нишасти матбуотии қабл аз нишаст гуфт, ки даври 11-уми “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе бо иштироки  ҳамаи намояндагони гуруҳҳои сиёсии […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 27 – 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе нишасти навбатии “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” баргузор мешавад ва барои иштирок дар он, намояндагони Толибон* низ даъват шудаанд.

Довуд Муродиён, раиси Институти стратегии Афғонистон, имрӯз, 24-уми ноябр, дар нишасти матбуотии қабл аз нишаст гуфт, ки даври 11-уми “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе бо иштироки  ҳамаи намояндагони гуруҳҳои сиёсии Афғонистон баргузор мешавад ба барои иштирок дар он ба Толибон низ даъватнома фиристодаанд.

“Ба намояндагони Толибон даъватнома фиристода шудааст, аммо иштирок кардан ё накардани онҳо айни ҳол маълум нест”, – гуфт Довуд Муродиён.

Таъкид мегардад, ки дар нишасти навбатӣ масоили гуногун ва мубрами Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои ташаккули демократия, баробарии ҷинсӣ, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, бозгашт ба исломи мутамаддин ва мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамсояҳо мавриди муҳокима ва баҳс қарор дода мешавад.

Бояд гуфт, ин соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Соли гузашта ин нишаст бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон, коршиносони Тоҷикистону минтақа ва дар мавзӯи “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо” баргузор шуда буд.

Аз соли 2012 то 2021 бошад, нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар худи шаҳри Ҳироти Афғонистон доир шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.