Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён. Президент ба мардуми Эрон ҳамдардӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, дар робита ба даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон ба мардуми Ҷумҳурии Исломӣ ҳамдардӣ кардааст. Дар мулоқот, ки имрӯз, 4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон баргузор шуд, вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммити навбатии СҲИ баррасӣ шудааст. […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, дар робита ба даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон ба мардуми Ҷумҳурии Исломӣ ҳамдардӣ кардааст.

Дар мулоқот, ки имрӯз, 4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон баргузор шуд, вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммити навбатии СҲИ баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Эрон алоқаманд мебошад.

Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат кардаанд.

“Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид”, гуфтааст Хадамоти матбуотии президент.

Бояд гуфт, ки даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, рӯзи 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.

Мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “The Times of Israel” бо такя Вазорати тандурустии Исроил навишта буд, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст.

Қаблан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 4-уми июл Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲИ ба Озарбойҷон сафар кард. Мавзӯи умумии ҳамоиш "Нигоҳи нави СҲИ барои ояндаи боэътимод ва ба иқлим устувор" гуфта мешавад.

Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия, Афғонистон ва Туркманистон ширкат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.