Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров ҳодисаи куштори тоҷикистониёнро дар Иркутск баррасӣ карданд

Рӯзи 25 ноябр гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров доир гардид. Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни гуфтугӯ мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Русия рух дода, дар ҷараёни он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд. Сироҷиддин […]

Asia-Plus

Рӯзи 25 ноябр гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров доир гардид.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни гуфтугӯ мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Русия рух дода, дар ҷараёни он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард.

“Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд”, – зикр мегардад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуда, доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.