Густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо IBA

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи рӯзи 26 октябр президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи рӯзи 26 октябр президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.

“Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксчиёни тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, натиҷаҳои баланди онҳоро дар солҳои охир зикр кард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар   шаҳри Ханжоуи Чин, ки дар онҳо боксчиёни мо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуд.

Ҳамчунин ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин намуди варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед карданд.

Ёдрас мекунем, ки Умар Кремлёв зодаи Ҳисор буда, оилааш аз деҳаи Гулхонаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосӣ мебошад. Имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ӯ бо хоҳиши падараш ба зодгоҳаш омада, ваъда дод, ки дараро обод намуда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад, ҳамчунин маҷмааи бузурги савдо сохта, мактаби омӯзиши бокс боз мекунад.

Умар Кремлёв аз 12 декабри соли 2020 ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) кор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио