Маҷлиси миллӣ пешниҳоди баканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиёнро пазируфт

Зимни иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз, 3-юми феврал таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар ва шаҳрдори Душанбе баргузор гардид, пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар оид ба барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби Додситони кулли Тоҷикистон ва бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ пазируфта […]

Зимни иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз, 3-юми феврал таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар ва шаҳрдори Душанбе баргузор гардид, пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар оид ба барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби Додситони кулли Тоҷикистон ва бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ пазируфта шуд.

Сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ менависад, ки дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, пешниҳоди раиси ҷумҳур оид ба раиси Додгоҳи Олӣ интихоб намудани Рустам Мирзозода ва Додситони кулл таъин кардани Ҳабибулло Воҳидзода пазируфта шудааст.

Фармони барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён моҳи январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар имзо гардид ва барои ризоият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол  шуда буд.

То ҳол мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, маълум нест.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни иҷлосия, инчунин, ҳисоботи Умед Каримзода, муовини якуми Додситони кулли кишвар дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2024 ироа гардидааст.

Рустами Эмомалӣ бо назардошти таҳлили омори вазъи ҷинояткорӣ, оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Ҳамчунин, зини иҷлосия як қатор қонунҳои пешниҳодшуда ҷонибдорӣ гардида, бозхонду барканорӣ ва ба вазифаи нав пешниҳод шудани додрасу додситонҳои дигар пазируфта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.