«Ту меарзӣ!» – таронаи 4 овозхони шинохта дар васфи Президент. Шеър аз вазири корҳои дохилӣ

Овозхонони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова, духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед бо номи «Пешвои миллат» таронаеро дар васфи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сароиданд. Дар ин шеър аз Сарвари давлати Тоҷикистон ба унвони шоҳаншоҳи даврон васф шуда, қайд мешавад, ки ӯ ба ин мартаба комилан меарзад. Ҳамчунин гуфта мешавад, Эмомалӣ […]

Asia-Plus

Овозхонони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова, духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед бо номи «Пешвои миллат» таронаеро дар васфи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сароиданд.

Дар ин шеър аз Сарвари давлати Тоҷикистон ба унвони шоҳаншоҳи даврон васф шуда, қайд мешавад, ки ӯ ба ин мартаба комилан меарзад. Ҳамчунин гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон Ватанро аз парешонӣ раҳо карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.

https://www.youtube.com/watch?v=ezSuwpKUGh0

Муаллифи шеър Ниҳонӣ аст, ки тахаллуси шоирии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро мебошад.

Ин шеър дар манзумаи «Дар ситоиши Пешвои миллат» моҳи ноябри соли 2016 дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон” нашр шуда, моҳи июн беҳтарин шеъри сол унвон шуд.

Чанде қабл чанде аз шеърҳои вазии корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба озмуни «Шеърҳо дар васфи истиқлолият» нашр шуда, сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.