“Ин танҳо қарзи инсонӣ аст». 5 тоҷик 50 касро дар сӯхтори Кемерово наҷот доданд

Дар наҷоти муштариёни маркази тиҷории оташгирифтаи “Зимняя вишня”-и шаҳри Кемеровои Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин панҷ нафар, ки кормандони мағозаҳои либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун овардаанд. Рӯзи чоршанбе дар шабака маълумоте интишор шуд, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар наҷоти муштариёни маркази тиҷории оташгирифтаи “Зимняя вишня”-и шаҳри Кемеровои Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин панҷ нафар, ки кормандони мағозаҳои либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун овардаанд.

Рӯзи чоршанбе дар шабака маълумоте интишор шуд, ки дар он гуфта мешавад, ду корманди фурӯшгоҳи пойафзоли маркази тиҷоратӣ ба наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхтор кумак кардаанд, аммо зикр нагардид, ки ин нафарон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Ба наҷоти мушатриёни марказ панҷ нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон – Фарзон Салимов, Маҳмуд Хоҷаев, Кароматулло Қурбонов, Ҷамшед Абдуллозода и Суҳроб кумак кардаанд.

Фарзон Салимов, яке аз ин афрод, ки зодаи шаҳри Душанбе аст, 27 март гуфтааст, ҳамроҳи ҳамватанони худ танҳо қарзи инсонияшонро анҷом додаанд ва ба ҷойи онҳо низ каси дигаре ҳам мешуд, ин корро мекард.

"Як ҷиянам муҳофизи мағоза аст. Ӯ бо “ратсия” хабар дод, ки дар ошёнаи чаҳорум сӯхтор сар задааст ва мардум мефароянд. Ба ақиб нигоҳ кардам, ки воқеан ҳама медаванд. Мо дар дохили мағоза “ратсия” дорем ва зуд ба кормандони дигар хабар додем, ки ҳамаро берун бароред ва худатон ҳам бароед”, – афзуд ӯ.

Баробари берун баромадани ӯ ва ҳамкори дигараш Маҳмуд Хоҷаев ба наҷоти одамон аз қисмати дигари бино идома доданд. “Аз тарафи дигари бино барои баромадани одамон аз назди лифт ёрдам кардем. Дар онҷо ду нафар бо аробачаи маъюбӣ дармонда буданд. Онҳоро низ зуд ба берун баровардем”, – нақл кард ӯ.

Фарзон Салимов соли 2003-юм ба Русия рафта, пас аз хатми донишгоҳ барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кард. Ҳоло шаҳрвандии Русияро низ гирифта, бо зану се фарзандаш дар шаҳри Кемерово ба сар мебарад. Дар маркази «Зимняя вишня» ҳамроҳи ӯ 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам кор мекардаанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии шаҳри Кемеровои Русия 64 кас ҷон бохтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.