Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти сафари Мирзиёевро ба панҷакентиҳо шарҳ дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент дар бораи сафари таърихии президенти Ӯзбекистон изҳори назар кард. Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент дар бораи сафари таърихии президенти Ӯзбекистон изҳори назар кард.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу маҳсулот бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аз байн бардошта шуданд».

«Ба шарофати санадҳои ҳангоми сафари дӯсту бародари ман Шавкат Мирамонович имзошуда ҳазорон оилаҳое, ки солҳои дароз аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд, ба хабаргирии хешу таборон муяссар шуданд, яъне рафтуомади озодонаи одамон оғоз гардид ва қалби миллионҳо нафар сокинони ҳар ду кишвар шод шуд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки илова бар ин, робитаҳои амалан кандашудаи тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ барқарор гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ҳамсояву бародар заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Наврӯзи шаҳри Панҷакент ҳамчунин ҳайати вилояти Самарқанди Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон онҳоро шодбош ва хайра мақдам гуфт.

Ҳамчунин дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи Самарқанд рӯзи 21 март бо иштироки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв низ ҳайати Тоҷикистон ҳузур дошта, Сарвари давлати ҳамсоя онҳоро шодбошу хушомадед кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.