Суғд: ҳалокати кӯдаки 4-сола дар дохили деги суманаки ҷӯшон

Дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Истарафшан кӯдаки 4-солае ҳалок шуд, ки ба даруни деги суманаки ҷӯшидаистода афтодааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи шаҳри Истаравшан хабар доданд. Як табиби беморхона, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, хабар дод, ки Рустамбек Қодирови 4-сола рӯзи 21 март ба беморхона оварда шуда, 75 фоизи баданаш сӯхта буд. […]

Дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Истарафшан кӯдаки 4-солае ҳалок шуд, ки ба даруни деги суманаки ҷӯшидаистода афтодааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Як табиби беморхона, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, хабар дод, ки Рустамбек Қодирови 4-сола рӯзи 21 март ба беморхона оварда шуда, 75 фоизи баданаш сӯхта буд.

Ба гуфтаи волидони кӯдак, ӯ ба даруни деге афтодааст, ки дар он суманак мепухтаанд. Падари кӯдак ӯро аз деги ҷӯшон берун кашида, дастони худаш ҳам сӯхтааст.

«То рӯзи 27 март кӯдак дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ва тавассути дастгоҳи нафасгирии сунъӣ нафас мегирифт, – гуфт манбаъ дар бемрхона. – Табибон баҳри наҷоти ӯ аз тамоми воситаҳову имконот истифода карданд, вале мутаассифона, чун роҳҳои нафасгириаш хеле зиёд сӯхта буданд, ӯ ба ҳуш наомада, шаби 27 март фавтид».

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Истаравшан ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.