Дар Тоҷикистон аз 1 июл ба оилаҳои камбизоат кумакпулии иҷтимоӣ таъин мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 14 майи соли равон механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард. Дар санад ба амалӣ сохтани таъину пардохти кумаки унвонӣ (суроғавӣ, таъинотӣ)-и иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои зерин дастур дода мешавад: – дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 14 майи соли равон механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард.

Дар санад ба амалӣ сохтани таъину пардохти кумаки унвонӣ (суроғавӣ, таъинотӣ)-и иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои зерин дастур дода мешавад:

– дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадони, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ;

– дар вилояти Суғд – ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамен, шаҳрҳои Гулистон, Исфара ва Истиқлол;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – ноҳияи Варзоб, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода;

– дар Душанбе – ҳамаи чор ноҳияи пойтахт.

Дар ин санад ҳеҷ кадоме аз шаҳру навоҳии ВМКБ зикр нашудааст.

Ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат 464 сомонӣ (8 нишондиҳанда барои ҳисоб)-ро ташкил медиҳад. Кумакпулиҳо ҳар семоҳа ба маблағи 116 сомонӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисоб) тариқи воҳидҳои БДА “Амонатбонк” пардохта мешаванд.

Кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷои иқомат месупорад.

Ба шаҳрвандони пиронсол, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор мегиранд, кумаки унвонии иҷтимоӣ ба таври истисноӣ таъин ва пардохт мешавад.

Ба оилаҳое, ки маъюбони гурӯҳи I и II-ро таҳти сарпарастӣ доранд, инчунин ба волидони яккаву танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, зимни муайян кардани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила афзалият дода мешавад.

Хароҷоти пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.