Ҷасади донишҷӯи тоҷики ҳангоми наҷоти кӯдак дар Уфа ғарқшударо ба Душанбе меоранд

Ҷасади донишҷӯи тоҷикро, ки дар Уфа ҳангоми наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ ҳалок шуд, имрӯз ба Душанбе меоранд. Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон расонда шудааст. “Мо ҷасадро бо мошин ҳанӯз13 инюн фиристода будем, лекин дар сарҳад иҷозати гузаштан надоданд, зеро дар ронанда ҳарорати баланд ошкор шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” консули […]

Мусои Бобоҳоҷӣ

Ҷасади донишҷӯи тоҷикро, ки дар Уфа ҳангоми наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ ҳалок шуд, имрӯз ба Душанбе меоранд. Ҷасади Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон расонда шудааст.

“Мо ҷасадро бо мошин ҳанӯз13 инюн фиристода будем, лекин дар сарҳад иҷозати гузаштан надоданд, зеро дар ронанда ҳарорати баланд ошкор шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Эмом Саид Давлат.

Бино ба гуфтаи ӯ, бинобар ин, ронандаи дигар киро шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯ тахт шудааст.

“Баъди чанд соат мо иҷозаи гузаштани сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистонро мегирем. Бо мусоидати сафорати мо дар Тошканд мошинро бо ҷасад то сарҳади Тоҷикистон кормандони Нозироти давлатии автомобилии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекунанд”, – иттилоъ дод консули генералӣ.

Зикр шуд, ки ҳукумати Бошқирдистон ҳамаи хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасади Ҳоҷимуродро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ваъда додаанд, ки пас аз анҷоми тафтиши қазия барои пайвандону наздикони Ҳоҷирмурод Қаландаров бо пул кумак мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон Ҳоҷимурод Қаландаров ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух дод. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун оварда, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.