Вазири тандурустӣ ба пурзӯр кардани назорати беморон дар хонаҳо дастур дод

Рӯзи 4 август ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як […]

Рӯзи 4 август ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мебошад.

Таъкид шуд, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҷаласа вазир таваҷҷуҳи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда, гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

То 5 август дар Тоҷикистон 7 ҳазору 583 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии фавт аз ин вирус 61 нафар ва теъдоди шифоёфтагон ҳамагӣ 6 ҳазору 356 нафар (83,8%)-ро ташкил медиҳад. Боз беш аз 1 ҳазор нафар сироятёфтагон дар шароити хона муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.