Донишҷӯёни тоҷик барои додхоҳӣ назди Сафорати Русия гирд омаданд

Ҳудуди  15 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ин субҳ барои додхоҳӣ назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Ин донишҷӯёни  тоҷик аз Сафорати Русия дархост карданд, ки барои берун шудани онҳо аз кишвар ба хотири идомаи таҳсил мусоидат […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-PIus

Ҳудуди  15 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ин субҳ барои додхоҳӣ назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ шуданд.

Ин донишҷӯёни  тоҷик аз Сафорати Русия дархост карданд, ки барои берун шудани онҳо аз кишвар ба хотири идомаи таҳсил мусоидат кунад.

Аз ин пеш, рӯзи 9-ноябр ин донишҷӯён барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рафта буданд. Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, аз мушкили ин донишҷӯён огоҳ аст ва масъаларо бо ҷониби Русия дар миён гузоштааст, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ин донишҷӯёни мегӯянд, ки дар сафорат ба онҳо гуфтаанд, ки рӯзи биоянд ва намояндаҳои масъул онҳоро мепазирад ва он ҷо мушкилашонро метавонанд баррасӣ кунанд.

Ин донишҷӯён имрӯз ба намояндаи сафорат гуфтаанд, ки таҳсили фосилавӣ дар кишвар душвор аст ва мехоҳанд ба макони таҳсили худ бираванд ва дар дарсҳо амалан иштирок кунанд, то битавонанд мутахассиси хубе шаванд,-  гуфт яке аз ин донишҷӯён Начибулло Абдуллоев. 

Донишҷӯён рӯзи 9-уми ноябр дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам гуфта буданд, ки ба далели қатъ шудани барқ, сустии суръат ва гаронии нархи интернет, наметавонанд дарсҳояшонро фосилавӣ бихонанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар иттилоияе, ки рӯзи 9 ноябр дар торнамои вазорат нашр кард, таъкид мекунад, ки “дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.