Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия то тағйири вазъ дар кишвар мемонанд

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ваъда дод, ки то кушода шудани роҳ онҳо метавонад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намоянд. Дар мулоқот бо донишҷуён дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, намояндаҳои  “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, […]

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ваъда дод, ки то кушода шудани роҳ онҳо метавонад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намоянд.

Дар мулоқот бо донишҷуён дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, намояндаҳои  “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати  маориф ва илм иштирок доштанд.

Тавре ба “Азия Плюс” яке аз ин донишҷӯён хабар дод, дар мулоқоти имрӯза Имомзода Муҳаммадюсуф вазири  маориф ва илми Тоҷикистон ба мо ваъда дод, ки метавонем дарсҳоямонро то кушода шудани роҳҳо дар донишгоҳои Тоҷикистон идома диҳем. Онҳо гуфтанд, ки шояд дар нимсолаи дуюм роҳо кушода шавад, ҳоло дақиқ нест.

“Ба мо донишҷӯён гуфтанд, ҳуҷҷатҳоятонро гирифта биёед, ман рӯзи шанбе соати 8 шуморо қабул намуда, он ихтисосҳое Шумо таҳсил мекунед ба донишгоҳҳо тақсим мешавед. Ҳамчунин он ихтисосҳое, ки дар кишвар нест, аммо дар Русия ҳаст, мо ба тахасуси наздик ба ин ихтисос шуморо ҷой мекунем”.

Дар ин вохӯри раҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфтааст, ки вазъ дар Русия чандон хуб нест, аз ҳамин сабаб донишгоҳои Русия то 6-уми феврал бастаанд ва донишҷӯён фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки ба далели ҳамагирии коронавирус имкони рафтан ба он кишварро надоранд, ҳафтаи равон дар пеши Вазорати корҳои хориҷӣ ва бинои сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омада, хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, аз мушкили ин донишҷӯён огоҳ аст ва масъаларо бо ҷониби Русия дар миён гузоштааст, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ин донишҷӯёни мегӯянд, ки дар сафорат рӯзи 11 ноябр ба онҳо гуфтаанд, ки рӯзи 13 ноябр биоянд ва намояндаҳои масъул онҳоро мепазирад ва он ҷо мушкилашонро метавонанд баррасӣ кунанд.

Ин донишҷӯён рӯзи 11 ноябр ба намояндаи сафорат гуфтаанд, ки таҳсили фосилавӣ дар кишвар душвор аст ва мехоҳанд ба макони таҳсили худ бираванд ва дар дарсҳо амалан иштирок кунанд, то битавонанд мутахассиси хубе шаванд,-  гуфт яке аз ин донишҷӯён Начибулло Абдуллоев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.