Соли нави Тоҷикистон бе барф, лекин хеле хунук меояд

Соли навро тоҷикистониён бе барф пешвоз мегиранд: рӯзи 31 декабр дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест, лекин дар робита ба ҳавои софи офтобӣ, моро хунукии сахт дар пеш аст. “Рӯзҳои Соли нав дар саросари кишвар ҳавои софи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин робита, дар аксарияти ноҳияҳо ҳаво хунук мешавад: дар водиҳо то 12 дараҷа ва […]

Соли навро тоҷикистониён бе барф пешвоз мегиранд: рӯзи 31 декабр дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест, лекин дар робита ба ҳавои софи офтобӣ, моро хунукии сахт дар пеш аст.

“Рӯзҳои Соли нав дар саросари кишвар ҳавои софи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин робита, дар аксарияти ноҳияҳо ҳаво хунук мешавад: дар водиҳо то 12 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 18 ва баъзан то 24 дараҷа хунук”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева.

Ба гуфтаи ӯ, обуҳаво аз ҳама бештар дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ хунук шуда, баъзан ҳарорат то 45 дараҷа поин меравад.

Ҷамила Байдуллоева ҳамчунин огоҳ кард, ки рӯзҳои Соли нав дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон яхбандӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (45 км-83 км) тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Шаби Соли нав обуҳаво чӣ гуна мешавад?

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзи 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дарназар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8-13 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 27-32 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 35-40 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.