КҲФ: роҳҳо тозаву ҳаракат барқарор шуда, лекин ҳарорат 12-14 дараҷа поин меравад

Дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд  тармафароӣ ба амал омад, ки боиси басташавии роҳ гардид. Инчунин, дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 7 тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе муваққатан баста шуд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон. Аммо, дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Кумитаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд  тармафароӣ ба амал омад, ки боиси басташавии роҳ гардид. Инчунин, дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 7 тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе муваққатан баста шуд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Аммо, дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, роҳҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракат дар роҳҳо барқарор карда шуд.

"Дар натиҷаи тармафароӣ харобиҳо ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", – хабар медиҳад  Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, обу ҳавои номусоид дар қаламрави Тоҷикистон то 26 феврал боқӣ хоҳад монд.

Боришот пешгӯӣ мешавад – борон ба барф мубаддал гардида, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти пуршиддат аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 12-14 дараҷа поин меравад.

Бинобар сабаби якбора паст рафтани ҳарорат дар минтақаҳои кишвар, эҳтимолияти зарар расидан ба зироатҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда вуҷуд дорад.

Илова бар ин, дар минтақаҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари тармафароӣ, сангрезӣ ва сел, инчунин яхбандӣ дар роҳҳои мошингард боқӣ мондааст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳ, ғунучини ҳезум ва шикор худдорӣ варзанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои серборишу тармахез эҳтиёткор бошанд, ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.