Даргузашти академик Фозил Тоҳиров дар Душанбе

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ходими шоистаи илм ва техникаи кишвар Фозил Тоҳиров дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 83-сола буд. Аз Академияи илмҳо хабар доданд, ки Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст. Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи […]

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ходими шоистаи илм ва техникаи кишвар Фозил Тоҳиров дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 83-сола буд.

Аз Академияи илмҳо хабар доданд, ки Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, сипас то соли 1995, қариб 30 сол дар ин муассисаи олӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумда, дар солҳои душвори 1990-1995 Фозил Тоҳиров ректори ин донишгоҳ буд.

Соли 1995 ба кор дар Академияи илмҳо гузашта, муддати 11 сол дар вазифаҳои саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон кор кард.

Фозил Тоҳиров ҳанӯз соли 1988 ба унвони илмии доктори улуми ҳуқушиносӣ ва соли 1990 – проефссор сазовор дониста шуда, соли 2009 ба узвияти Академияи илмҳо пазируфта шуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу мақолаҳои илмӣ мебошад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.