Даргузашти донишманди тоҷик Фозил Абдураҳмонов

Профессор Фозил Абдураҳмонов, яке аз донишмандони тоҷик дар арсаи таҳқиқи анатомияи инсон ва доктори илмҳои тиб, субҳи 22-юми сентябр дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум 92 сол дошт ва даргузашти ӯро аҳли илм ва шогирдонаш талафоти бузург унвон карданд. Фозил Абдураҳмонов фориғуттаҳсили факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соли […]

Asia-Plus

Профессор Фозил Абдураҳмонов, яке аз донишмандони тоҷик дар арсаи таҳқиқи анатомияи инсон ва доктори илмҳои тиб, субҳи 22-юми сентябр дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум 92 сол дошт ва даргузашти ӯро аҳли илм ва шогирдонаш талафоти бузург унвон карданд.

Фозил Абдураҳмонов фориғуттаҳсили факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соли 1952 буд ва аспирантураро дар Донишгоҳи тиббии Маскав ба номи Н.И.Пирогов ба итмом расонидааст.

Марҳум фаъолияташро соли 1955 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд, дар ин даргоҳ ба ҳайси декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ то соли 1969, мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968-1994), мудир (1994-2006) ва профессори (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одам кор кардааст.

Ӯ академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия ва Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон буд.

Китобҳои дуҷилдаи “Анатомияи одам”, ки Фозил Абдураҳмонов навиштааст, ҳамчун китоби дарсӣ барои табибони оянда мавриди истифода аст. Фозил Абдураҳмонов ҳамчунин муаллифи беш аз 200 асару мақола ва монографияҳои илмӣ ва китоби якҷилдаи “Атласи мухтасари анатомияи одам” ва китоби дуҷилдаи “Атлас- учебник по функциональной анатомии человека” мебошад.

Фозил Абдураҳмонов дар оромгоҳи Сариосиë ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.