Даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов

Чиллахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз фалаксарои маъруфи тоҷик, пас аз беморие дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳамкасбону наздикони овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Ҷанозаи овозхон зуҳри имрӯз дар маҳаллаи Пахтакори Душанбе баргузор мешавад. Марҳум 66 сол дошт ва соли гузашта ҷарроҳии гурда гузаронида буд. Чиллахон Холов дар поёни […]

Чиллахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз фалаксарои маъруфи тоҷик, пас аз беморие дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳамкасбону наздикони овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.

Ҷанозаи овозхон зуҳри имрӯз дар маҳаллаи Пахтакори Душанбе баргузор мешавад.

Марҳум 66 сол дошт ва соли гузашта ҷарроҳии гурда гузаронида буд.

Чиллахон Холов дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Солҳои охир Чиллахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекард.

Ҳоло ихлосмандонаш аз Чиллахон Холов ҳамчун овозхони маънифаҳм ёд карда, даргузашти ӯро талафоти бузург барои санъату фарҳанг медонанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.