Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?

Имсол дар таътили баҳорӣ хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 10 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз  Вазорати маорифи кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, таътили баҳории хонандагон расман 5 рӯз (аз 25 то 29 март) аст, вале бо иловаи рӯзи якшанбеи 30-юми март ва рӯзҳои расмии истироҳат дар ҷашни Наврӯз, ки аз 21 […]

Имсол дар таътили баҳорӣ хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 10 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз  Вазорати маорифи кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, таътили баҳории хонандагон расман 5 рӯз (аз 25 то 29 март) аст, вале бо иловаи рӯзи якшанбеи 30-юми март ва рӯзҳои расмии истироҳат дар ҷашни Наврӯз, ки аз 21 то 24 март рост меояд, хонандагон дар маҷмуъ 10 рӯз истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, хонандагон рӯзҳои 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30 таътил хоҳанд кард.

Аз Вазорат гуфтанд, агар Иди Рамазон дар рӯзи корӣ, масалан 31-уми март рост ояд, хонандагон дар ин рӯз ҳам аз дарсҳо озоданд.

 

Таътили тобистона зиёд карда шуд

Ёдрас мешавем, ки муҳлати таътили мактабӣ дар кишвар тағйир ёфтааст. Ҳоло таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7-рӯз ва баҳорӣ 5-рӯз мебошад.

Қаблан хонандагон дар давоми соли хониш 10 рӯзӣ таътил доштанд: дар тирамоҳ (аз 1 то 10 ноябр), дар зимистон (аз 1 то 10 январ) ва дар баҳор (аз 21 то 31 март). Тибқи ҷадвали нав, таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, таътили зимистона аз 1 то 7 январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29 март давом хоҳад кард.

Соли таҳсили 2024/2025 (бе ҳисоб кардани аттестатсияи ҷамъбастӣ) 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ 34 ҳафта муайян шудааст.

Ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Дар Вазорати маориф ва илм таъкид намуданд, ки кӯтоҳшавии таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ бо мақсади зиёд кардани таътили тобистона сурат гирифтааст.

«Бо дарназардошти тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 коҳиш ёфт, дар ҳамин ҳол, чоряки чаҳорум на 14 июн, балки 31 май ба анҷом мерасад. Дар натиҷа, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июн оғоз хоҳад шуд», – хабар додааст Вазорати маориф.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.