Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд

Даромади корхонаҳое, ки на камтар аз нисфи коргаронашон маъюбонанд, аз пардохти андоз озод карда шуд. Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, корхонаҳое, ки шахсони имконияташон маҳдудро бо кор таъмин мекунанд, дастгирӣ мешаванд. Бар асоси иловаҳои воридшуда ба моддаи 189 -и Кодекси андоз (“Озод кардан аз пардохти андоз”), аз даромади корхонаҳое, ки дар он на камтар […]

Даромади корхонаҳое, ки на камтар аз нисфи коргаронашон маъюбонанд, аз пардохти андоз озод карда шуд.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, корхонаҳое, ки шахсони имконияташон маҳдудро бо кор таъмин мекунанд, дастгирӣ мешаванд.

Бар асоси иловаҳои воридшуда ба моддаи 189 -и Кодекси андоз (“Озод кардан аз пардохти андоз”), аз даромади корхонаҳое, ки дар он на камтар аз 50%-и теъдоди коргаронашонро маъюбон ташкил медиҳанд, андоз ситонида намешавад.

Ҳамчунин корхонаҳое, ки на камтар аз 50%-и музди меҳнат ва дастгирии моддӣ, аз ҷумла дар шакли натуралӣ ба эҳтиёҷоти маъюбон харҷ шудааст, чунин имтиёзҳо мегиранд.

Ин ҷо дар ҳарду ҳолат корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ-фурӯш ва захиракунӣ машғуланд, истисно мебошанд.

Ғайр аз ин, ба моддаи 347 (“Имтиёзҳо”)-и Кодекси андоз иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мувофиқи онҳо, объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъбони гурӯҳҳои I ва II ташкил медиҳанд, нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода мешаванд, аз пардохти андоз озод карда мешаванд.

Тибқи маълумоти соли 2024, дар Тоҷикистон 167 ҳазору 108 маъюб буд, ки нисбат ба се соли охир 0,1% камтар аст. Тамоюли афзоиши шумораи маъюбон дар соли 2024-ум 4284 нафарро ташкил дод, ки ин асосан ба нуқсонҳои таваллуд ва бемориҳои ирсӣ вобаста аст.

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта бо санади ҷудогона дар Тоҷикистон соҳибкории иҷтимоӣ эътибори қонунӣ гирифт, ки ба дастгирии аҳолии аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, аз ҷумла маъюбон  равона шудааст.

Дар назар буд, ки баъди қабули қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” давлат бо пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо чунин корфармоҳоро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла зимни иштирок дар фармоишҳои давлатӣ, инчунин тариқи пешниҳоди кумакҳои гуногун аз фондҳои давлатии мақсаднок ва ғайра.

Нишондиҳандаи асосӣ барои муайян кардани соҳибкори иҷтимоӣ ҳиссаи кормандони мансуб ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошад: ҳиссаи чунин шахсон дар корхона бояд на кматар аз 50% аз теъдоди умумии кормандонро ташкил диҳад. Ғайр аз ин, фонди пардохти маоши гурӯҳои осебпазири аҳолӣ бояд на камтар аз 50%  аз фонди умумии пардохти музди меҳнати кормандон бошад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки на камтар аз 50% фоидаи соли тақвимии гузашта барои амалисозии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ дубора сармоягузорӣ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.