Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид

Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд ва дар он аҳли қалам бо як қатор ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии Рӯзи матбуот имсол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Пас аз қироати матни табрикот аз ҷониби масъулини мақомоти расмӣ ва барномаи консертӣ, чун анъана чанде аз намояндагони расонаҳои […]

Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд ва дар он аҳли қалам бо як қатор ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии Рӯзи матбуот имсол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Пас аз қироати матни табрикот аз ҷониби масъулини мақомоти расмӣ ва барномаи консертӣ, чун анъана чанде аз намояндагони расонаҳои кишвар бо мукофоту сипосномаҳои вазорату идораҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар охир ба 9 рӯзноманигор аз рӯйи 4 бахш ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ супорида шуд.

 

Дар бахши матбуот:

– Латофат Кенҷаева, собиқадори матбуот, директори маҷаллаи "Истиқбол";

– Ӯрун Калонов, корманди рӯзномаи "Садои мардум";

– Шодӣ Малахов, корманди нашрияи "Омӯзгор";

– Сироҷиддин Иззатуллоев, сармуҳаррири "Время и денги";

– Музаффари Имом, муовини сармуҳаррири нашрияи “Шаҳриёр”.

 

Дар бахши телевизион:

– Луъбат Ризоева, корманди ТВ "Тоҷикистон";

– Шералӣ Саидов, корманди ТВ “Хатлон”.

 

Дар бахши радио:

– Зарангез Гирдакова, корманди радиои "Овози тоҷик".

 

Дар бахши пажӯҳиши илмӣ:

– Абдуҳалим Раҳимов, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

 

Инчунин, дар ин чорабинӣ ба рӯзноманигорон нишонҳои сарисинагии Аълочии фарҳанг ва Аълочии маориф, ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Воҳид Асрорӣ ва ба расонаҳо сипосномаи Вазорати фарҳанг тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми март нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” аз чоп баромад ва сар аз соли 1995 дар Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуотӣ тоҷик ҳамсола таҷлил мекунанд.

Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳоле таҷлил мегардад, ки наздики даҳ рӯзноманигори тоҷик бо ҳукмҳои паси дарҳои баста содиршуда ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол дар зиндонанд. Вазъи озодии сухан ва матбуот ҳам дар кишвар  аз ҷониби созмонҳои мудофеи озодии сухану ҳуқуқи рӯзноманигорон пайваста интиқод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.